«Зима 2025»

"Женщина - источник знаний" на таджикском языке

Тема "Женщина - источник знаний" классному рководителю для провединия классного часа на День матери

Олимпиады: ОБЗР 5 - 11 классы

Содержимое разработки

СОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА РЎЗИ МОДАРОН

Мавзўъ: Зан сарчашмаи маърифат.

Маќсади дарс: тарбияи шогирдон дар рўњияи эњтиром ба зан-модар, худшиносии миллї, ташаккули љањонбинї ва тафаккури онњо ва љалби хонандагон ба ватандўстиву ватанпарварї ва моњияти он.

Љойи баргузорї: синфхонаи №28.

Ашёи аёнї: Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон, Парчами миллии Љумњурии Тољикистон, гулњои бањорї, гулдузї ва зардеворињо ва дигар расму овезањо.

Равиши дарс: Сухани муќаддимавї (роњбари синф Зумратов А.Х.).

Њозирини арљманд, шогирдони азиз ва мењмонони гиромї! Дарси имрўзаи мо бо шумо дар айёме баргузор мегардад, ки ба кишварамон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврӯзи фаррухпай фаро мерасад. Шумо хуб медонед, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи шумо гулдухтарони зебо, њозирини гиромӣ, кулли модарон ва занону духтарони иззатманди мактабамонро ба муносибати Рӯзи модар ва айёми истиқболи Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.


1.Сафарова Сабрина. Тавъам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.


2.Ќодиров Шањбоз. Сарвари давлат, Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Љаноби Олї муњтарам Э. Рањмон ин маъниро басе хуб таъкид кардаанд: «Танњо зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва созандаи маърифати миллат аст!». Ниёгони мо низ дар осори гаронбањои худ занро њамчун олињаи њусн, соњибмаърифат ва оќилу хирадманд тасвир сохтаанд.


3.Нозирљонзода Нурафрўз. Пайғамбарону анбиё ва шуаро симои воқеии занро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст». Шоири тавоно ва сӯфии беназир Шайх Аттор ин ҳадисро дар пироҳани назм пешкаши хонандагон қарор додааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери
қудуми модарон аст.


4.Ѓалатова Сафина. Модар дар ҳаёти кас ҳама чиз аст: тасалло дар маъсумї, имдодгарӣ дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ ва нур дар дили сиёҳи шаб. Модар чашмаи шафқат, саховат ва муқаддимаи ҳаловату осоиш аст.


5.Исматов Азимљон. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат ва нармтар аз дили модар чизе нест.

Аё модар, бимирам дар нафасњот,
Ки дунё бо дуоњои ту боќист.
Намирад њељ гањ дунё зи офат,
Дар ин дунё чу дунёи ту боќист.


6.Њабибуллоева Манижа. Аз бузургии зан-модар он чиз шаҳодат медиҳад, ки ҳар сол дар иди Занон сардори давлат, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувони ҷумҳурӣ вохўрӣ менамояд. Дар рўзи 8-уми март, яъне рўзи иди Занон онҳоро табрик менамояд. Бо Фармони махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад соли 2009 рўзи 8-уми март ҳамчун рўзи модарон эълон карда шуд.

Хуб шуд, ки  зан ба давлат ёр шуд.

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.


7.Сайфуллоева Ганљина. Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.


8.Шарипов Шомилљон. Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.


Сароидани суруди «Алла» дар иљрои хонанда Собирова Сарвиноз.


9.Болтаева Манижа. Модар! Оре, модар аст мунису аниси њамешагии мо, ў ягона касест, ки моро ба њама гуноњу хатоњоямон дўст медораду мепарварад, њамеша моро мебахшаду азиз медорад. Бењуда бузургон нагуфтаанд: Модар ягона худоестдар замин, ки худошиносон намешиносанд.


10.Забирзода Каримљон. Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рўзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар.


11.Анисаи Насим. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем.


12.Баротов Матин. Наќши зан дар љомеъаи њуќуќбунёди мо, њифзи саломатии модарону хоњарон, иштироки занон дар бунёди тарзи солими њаёт, аз љониби давлат дастгирї ва пуштибонї ёфтани њуќуќи умумибашарии зани тољик, дар вазифањои роњбарї кор ва фаъолият кардани онњо имрўзњо равшан ба чашм мерасад.


13.Айматов Муњаммад. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо дарназардошти бахши хусусӣ беш аз як миллион занону духтарон фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад. Қисми зиёди кормандони соҳаи маорифу тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Умуман, агар дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 ҳазор нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 ҳазор нафарашон занон мебошанд.


14.Мирзозода Шоњина. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.


15.Сулаймонова Гулнора. Бисёр занонро медонем, ки ба корнамоии худ ном баровардаанд. Ба мисли Валентина Терешкова - аввалин зани кайҳонавард, Индира Гандӣ - сардори давлати Ҳиндустон, Беназир Буҳутто - собиқ сарвазири Покистон, аз ҷумҳурии мо Зебуниссо Рустамова - чемпиони ҷаҳон оид ба камонкашӣ, Зебуниссо, Гулчеҳра Сулаймонова, Озод Аминзода, Гулрухсор Сафиева ва садҳо шоираҳои дигарро медонем, ки бо эҷодиёти баланди худ ба дилҳо роҳ ёфтаанд, чароғи хонадонро равшан нигоҳ медоранд, ба хонадон гармӣ ато мекунанд.


16.Дайхудоев Сорбон. Зан нигаҳдорандаи чароғи равшани хонадон буда, бо ҳастии худ ҷаҳонеро мекушояд. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон нақшу мартабаи занонро ҳамеша баланд мебардорад. Онҳо дар ҳамаи сохторҳои идоракунии давлат фаъолона иштирок намуда, баробари мардон қадам мезананд. Онҳо дар ҳамаи корҳо фаъоланд. Ин гуфтаҳо шаҳодати онанд, ки занҳо бо ҳастии худ на танҳо чароғи хонадон ҳастанд, инчунин тақдирҷунбони дунё низ ҳастанд. Онҳо бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонанд.


Таронаи «Ёди Модар» дар иљрои хонанда Алиева Рисолат.

Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳої чашм мепўшам ва садои хандаҳоят ба гўшам мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомўш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар, чї гуна суханҳое бароят бигўям то ту дар наздам ҳозир шавї ва туро оғўш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чї қадар вазнин, чї қадар мушкил ин дурї аз ту, туро ёд кардам.

Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавчҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту рози дил бигўям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаётї, зеро бо ин ҳама бузургї маро пиҳил кардї. Эй љаннати Парвардигор дар рўи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизодї, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобї кашидї, ду љўйбори ширатро аз ман дареғ надоштї. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳастї, ки аз бўйи хушат љаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дурї дилам шикаста аст, мисли намози мусофир.

Модарам, бо ташнаљонї, ёд меорам туро,
Модарам бо дилгаронї, ёд меорам туро.
Дар муњити њамзабонони забонгумкардае,
Чун наёбам њамзабонї, ёд меорам туро....
Њар гање дар худ фуру монам, ва ё аз худ равам,
Сахт гирад зиндагонї ёд, меорам туро.


17.Рафиева Муниса. Дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон – модарҳо ҷонашонро дар кафи даст гирифта ватанашонро ҳимоя намуданд. Аксарият занон дар ҷанг нақши ҳамшираи шавқатро иҷро менамуданд ва қаҳрамониҳои зиёде нишон доданд. Маҷрўҳонро аз дами марг наҷот доданд, бо лафзи ширини худ дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намуда, умеди онҳоро ба фардои нек дубора зинда намуданд. Аз ин рў, гуфтанд:

Зан – модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан олињаи шарбати ҳар косаву ҷом аст.


18.Хазирова Фариза. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Љон фидои як нигоњи дилрабоят модарам,
Он навозишњои пур мењру вафоят модарам.
Њар куљо рафтам агар роњам хатарнок буд, вале,
Боз гаштам назди ту ман, бо дуоят модарам.


19.Ањроров Ањмадљон. Рӯзе як нафар пеши Пайғамбарамон (с.а.с) меояд ва мепурсад: Эй Расули Худо ба ки ман хушрафторӣ кунам, киро хуб нигоҳ кунаму эҳтиром кунам? Пайғамбари бузург (с.а.с) мегӯяд: Ба МОДАРАТ. Вай шахс боз мепурсад, баъд ба ки? Пайғамбарамон боз мегӯянд ба МОДАРАТ. Он шахс, дафъаи 3-юм мепурсад. Пайгамбарамон боз ба МОДАРАТ мегӯянд. Вақте боз мепурсад… Пайгамбари бузург он вақт ба ПАДАРАТ мегӯянд. Ин бузургии Модарро бинед, ки Пайғамбарамон 3 бор ба МОДАРАТ мегӯянд…


20.Дадабоева Мењрона. Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рў, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост.


21.Салимова Моњбибї. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ў фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кӯдакии инсон аст. Шояд ҳамин бошад, ки абармандони олам, шоҳон, шоирон ва олимон машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруд овардаанд. Шоири тавонои миллат Лоиқ Шералӣ дар радифи ҳикмати аркони сухан модарро ба Замин офаридаи табиат монанд карда, бо як илҳоми шоирона гуфтааст:

Ту монанди Замин танҳоӣ модар,
Ту монанди Замин яктоӣ модар.


22.Раљабов Авазбек. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё - фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.


23.Фозилова Умеда. Модар бузургтарин ва муќаддастарин фариштаи мост. Модар фариштаи ишќ аст, зеро бо мењрубониву навозишњояш дар дили мо мењру муњаббату ишќро љо кардааст. Дўст доштану љонфидо буданро аз модар омўхтаем. Ќудрати мењру муњаббат ва бахшандагии модарро бо чашми хеш дидаву дар вуљуди худ эњсос намудаем. Агар Худо накарда ранље ба љонамон асар кунад, хуни дил хўрдани модарро дида ба ќадри азизони худ расиданро омўхтем.


24.Одинаев Ќадриддин. Агар панду дуои модар набуд дар ин роњи пурпечутоби зиндагї яќинан рањгум мезадем. Агар олими заминем, агар ќањрамонем, агар марди майдони Рустами замонем – њама аз баракати дасту дуои модар ба баландињо расидаем.


25.Мусоева Мањваш. Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дунё аз назокати модарон аст. Барои ин барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард ва гуфт:

Модар бо қадамҳои ту сар мемонам,

Ҳар ҳарфи туро дуру гуҳар медонам.

Дар роҳи ҳаёт мушкиле пеш ояд,

Ман панди туро мушкилкушо медонам.


Ќироати шеъри «Эй зан, эй зани тољик» (Неъмати Оташ) дар иљрои хонанда Исоќов Бурњониддин.

Хубу дилрабо ҳастї, эй зан, эй зани тоҷик,
Чашмаи сафо ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.
Аз таҷаллии руят нур дар дилам ҷорист,
Шамси пурзиё ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.
Хуштаронаву хушгил, ҳаркуҷо ба ҳар маҳфил,
Ту тарабфизо ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.
Гоҳ махзани розӣ, дар карашма устозӣ,
Гоҳ пурҳаё ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.
Дар садоқату дар меҳр, устувору пойдорї,
Сар ба по вафо ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.


26.Халифаева Сабрина. Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболӣ ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Дар оғўшат тамоми оламро фаромўш мекунанд. Худро мисли кўдаки навзод ҳис мекунанд. Мехоҳанд дар оғўши модар тамоми тахливу ширинии оламро фаромўш кунанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубонона модарро мебинаду рўҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар, сарбаландии модар бошад.


27.Нозимова Шањзода.

Ќасри заррин бе зани хуб, кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон ба
ҳри мард оғӯши зан, кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагонї, ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.


28.Довудов Тољиддин.

Модар гавњар, падар сарвар, модар љавњар, падар тољвар, модар азиз, падар лазиз. Модар манбаи роз, падар манбаи соз, ...



29.Хољаев Муњаммад. Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубононаи модарро мебинаду рўҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар, сарбаландии модар бошад.


30.Шоимардонов Муњаммадшариф. Модар! Имрӯз рӯзи ту аст. Фардо ҳам! Фардои дигар ҳам! Ҳар рӯз рӯзи ту аст! Ва ҳар рӯзе, ки ту ҳастӣ ва суйи ман табассум мекунӣ, он рӯз рӯзи ман аст! Идат муборак, модари  хушруйи ман!!!


31.Саёњати Мањмадшариф. Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Рӯзат муборак модарҷон!


32.Завќова Шабнам. Аз ту очаљонам  бобати тамоми азиятҳои бачагӣ маъзарат мехоҳам. Умедворам қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гилламанд набошад.То ман ҳамеша хушбахт бошам. Зеботарин ва поктарин қалбро дориву  ман ҳанӯз натавонистаам заррае аз ранҷҳое, ки аз барои ман кашидаӣ ҷуброн кунам. Дўстат дорам то абад! Идат Муборак Модарам.

Ишќам, умедам, њаётам тўї, эй модариљон модарам, 
Ќалбам, садоям, навоям тўї, эй модариљон модарам, 
Ширин забонї, дармони љонї, эй модариљон модарам, 
Танњо бароям ту мењрубонї, эй модариљон модарам.


33.Давлатов Шоњрух. Фариштаҳои осмонӣ дар муқобили хубиҳои ту  сар хам хоҳанд кард, зеро ту яке аз онҳоӣ. Модаре, ки ҳамеша фикри  бачаҳояшро дошта ва ман ба худ меболам, ки модари ман ҳастӣ. Ин рӯзи зебо, яъне  Рӯзи Модарро бароят аз самими ќалб табрик мегӯям.


34.Шарипов Муњаммадљон. Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат нигоњубинам кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.


35.Убайдуллозода Њољиёќуб. Он њама ќасидаву достонњое, ки дар васфи мўйи мушкину лабони чун ангуби зан суруда шудаанд ба шањди як сухани ширин баробар намешаванд. Наќќошони чирадасти дунё тавони инъикоси кони њусну малоњати туро надоранд. Ту бузурги модар ва бузургони љањон наздат сари таъзим фуруд меоранд, зеро ту ягона муттакои бовафої.


Суруди «Иди Занон, Иди Шумо модарон».


Зумратов А.Х.Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!



6


Получите свидетельство о публикации сразу после загрузки работы



Получите бесплатно свидетельство о публикации сразу после добавления разработки


Серия олимпиад «Зима 2025»



Комплекты учителю



Качественные видеоуроки, тесты и практикумы для вашей удобной работы

Подробнее

Вебинары для учителей



Бесплатное участие и возможность получить свидетельство об участии в вебинаре.


Подробнее