«Зима 2025»

"Национальная армия, гарант мира" на таджикском языке

Национальная армия, гарант мира в нашем крае

Олимпиады: Физика 7 - 11 классы

Содержимое разработки

CОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА

РЎЗИ АРТИШИ МИЛЛЇ

Мавзўъ: Артиши миллї, кафили сулњу оромї.

Маќсади дарс: тарбияи шогирдон дар рўњияи эњтиром ба арзишњои миллї, худшиносии миллї, ташаккули љањонбинї ва тафаккури онњо ва љалби хонандагон ба ватандўстиву ватанпарварї ва моњияти он.

Љойи баргузорї: синфхонаи №28.

Ашёи аёнї: Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон, Парчами миллии Љумњурии Тољикистон ва дигар расму овезањо.

Равиши дарс: Сухани муќаддимавї (роњбари синф Зумратов А.Х.).

Њозирини арљманд, мењмонони гиромї, шогирдони азиз! Имрўз мардуми шарафманди Тољикистон 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рўҳияи баланди ватандўстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллї таљлил менамоянд. Ба ин муносибат ба ҳар љавонмард ва шаҳрванде, ки таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аљдодї ва амнияти давлату љомеаро таъмин мекунад, саломативу сарбаландї, рўзгори обод ва ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарвариро орзу менамоям.

Њамаи хонандагон:

Ранљ бурда модаре фарзанд пайдо мекунад, 
Ин писарро посбони рўи дунё мекунад. 
То шавад пояндаи таќдири дунё он писар, 
Дар дили фарзанди худ мењри Ватан љо мекунад.
 


1.Назарзода Мадина. Дўст доштани Ватан бо њимояи он иртиботи ќавию ногусастанї дорад ва аз ин љост, ки ин ду хусусияти умдаи шахсиятро ба њам оварда, тарбияи њарбию ватандўстї номидаанд. Мењри Ватан нерўи басо тавоност, зеро Ватан худ муќаддастарин дорої ва сарвати беќиёси њар фарди ба ору номус аст. Оне, ки Ватанашро дўст намедорад, онро парастиш намекунаду бањри ободию тавоноияш намекўшад, инсони комил нест.


2.Юсуфов Амирљон. Тарбияи њарбию ватандўстї бояд дар њама гуна таълимгоњњо њамеша љузъи муњими тарбияи љавонон бошад. Табиист, ки њар ќадар тарбияи њарбию ватандўстї амиќу муассиру фарогир бошад, њамон ќадар Артиши миллии номуќтадиру тавонманд хоњад буд. Як маќоли басо пурбори халќї њаст, ки онро њар як фарди ватандўст, њар як њомии Ватан мудом бояд дар хотир дошта бошад: «Њифзи љон вољиб асту њифзи Ватан вољибтар».

Њамаи хонандагон:

Зикри дили ман њамеша номи Ватан аст, 
Авроди забони ман каломи Ватан аст. 
Ман восифи ишќи ватани мањбубам, 
Фењристи китоби ман мароми Ватан аст…


3.Шарифова Мавзуна. Истиќлолият дастоварди муњимтарину бузург, неъмати бебањои њама гуна халќу миллат ба шумор меравад. Бо шарофати њамин истиќлолият мо соњиби Парчам, Нишони давлатї, Суруди миллї, Артиши миллї, Ќуввањои сарњадї ва пули миллї гардидем. Артиши миллии Тољикистон соли 1993 ташкил ёфт. Ин артиши тамоми сокинони кишвар маҳсуб ёфта, қудрату тавоноии худро низ аз он мегирад. Давлат ва Ҳукумати љумҳурї ба Артиши миллии худ пайваста ғамхорї зоҳир менамояд. Зеро он баҳри ҳимояи марзу бум, барои љавонон мактаби тарбиявї, мардонагї ва масъулияти шаҳрвандию ватандўстї мебошад.


4.Пиров Мустафо. Президенти Љумҳурии Тољикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалї Раҳмон фармудаанд: «Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама дорои ҳисси баланди ватандўстї, интизоми ќатъї, маҳорату малакаи ҳамаљонибаи ҳарбї бошанд. Чунки Артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии Артиш ва шарти аввали обрўи он аст». 


5.Хашимова Камила. Ҳифзи Љумҳурии Тољикистон қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрвандони он мебошад. Вазифаи Қувваҳои мусаллаҳ дар назди халқ аз он иборат аст, ки Љумҳурии Тољикистонро боэътимод муҳофизат ва доимо дар ҳолати омодабоши љангї бошанд. Дар асоси моддаи 43-и Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

 
6.Сияров Мањмадљон. Мутобиқи Қонун «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳ» аз 13-уми декабри соли 1996 таҳти №316, Љумҳурии Тољикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалї буда, дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Тибқи моддаи 1-и қонуни мазкур Қувваҳои мусаллаҳ ташкилоти ҳарбии давлатї буда, асоси мудофиаи Љумҳурии Тољикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. 


7.Изатова Аниса. Ташкил ва таъмини тавоноии Артиши миллї яке аз комёбиҳои бузурги Тољикистони соҳибистиқлол аст. Ҳифзи истиқлолият, ҳар лаҳза омода будан ба ҳимояи марзу буми Ватан, посдории сулҳ, тинљию оромї, осмони беғубори Ватан, роҳ надодан ба ҳар гуна бадхоҳї ба мисли терроризм, экстремизми сиёсї, динї ва ғайра вазифаи муқаддаси Артиши миллї аст. Барҳақ, Артиш мактаби мардонагї, камолот ва омўзиши касбу ҳунар буда, осоишу оромии халқу Ватан ба ҳамин хизмати содиқона вобастагии ногусастанї дорад.


8.Шукуров Самариддин. Таъсиси Артиши миллї барои ҳар як фарди Тољикистони соҳибистиқлол заминаи эҳёи ифтихори миллиро гузошта аҳамияти бузурги таърихї дорад, махсусан дар ҳамон рўзҳое, ки ба тақдири мамлакат, истиқлолияти Тољикистони азиз хатари марговар таҳдид мекард. Ба Артиши миллии Тољикистон, яке аз фарзандони љасури миллат, Сардори давлат Эмомалї Раҳмон асос гузошт.


9.Одинаева Нушофарин. Баробари таъсиси Артиш ба вуљуди Тољикистони љангзадаву бемадор, нерўи нав ворид гардид. Артиши миллии Тољикистон сар аз ибтидо барои барқарор сохтани сулҳу оромї дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлолияти мамлакат ва бехатарии марзҳои он талошу муборизаҳои шоиста анљом дод. Солҳои навадуми асри гузашта дар љанги бародаркуши шаҳрвандї садҳо нафар фарзандони содиқи Ватан ба сафҳои Артиши миллї шомил шуда, барои таъмини низоми конститутсионї, сулҳу осоиш ва ягонагии марзу буми мамлакат љони худро нисор кардаанд, ки хотираи онҳо љовидон ва фаромўш ношуданист.


10.Мусоев Аминљон. Имрўз аҳамияти муҳофизати марзу буми мамлакат, дастовардҳои истиқлолияти миллї то рафт меафзояд, зеро, хавфи кўшишҳои љаҳонишавї, терроризми байналмилалї ва дигар љунбишҳои иртиљої, ки барои ҳар як мамлакат хавфнок мебошанд, беш аз пеш зиёд мешаванд ва дар чунин шароит мављудияти Артиши пурзўри бо навтарин воситаҳои дифоъ муљљаҳаз аз душман, муҳофизати Ватан ва дастовардҳои он, таъмини сулҳу амнияти мардумон ҳатмист.

Њамаи хонандагон:

Бе тозањавои ту нафастанг шавам,

Бе оби ту хок агар манам санг шавам.

Номи ту маро ба олами нанг барад,

Бе номи ту мањруми дари нанг шавам.


Сароидани суруди «Садоќат»-и Саидќул Билолов дар иљрои њамаи хонандагон (аз компютер):


11.Њабибова Миљгона. Садоқат ба Ватан, корнамоиҳои ҳар як сарбозу афсарони кишвар, Артиши миллї дар роҳи дифоъ аз Ватан аз муҳимтарин мавзўњои адабиёт ва санъат аст. Адибон бахшида ба ин мавзўъ асарҳои зиёде эљод намудаанд, ки онҳоро барои таълим ва тарбияи ватандўстии насли наврас истифода намудан айни муддао мебошад. Аз адабиёти бадеї анъанаҳои ахлоқии ватандўстонаи миллат дар тарбияи сарбозони Артиши миллї метавон ба таври фаровон ва самаранок истифода кард.


12Табаров Шукрулло. Имрўз аксари љавонон ихтиёран дар Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии љумҳурї хизмат кардан мехоҳанд. Ҳоло сокинони кишвар дар симои Қувваҳои мусаллаҳ ҳомию муҳофизи худро дида, рў ба бунёдкорию созандагї овардааст. Мусаллам аст, ки ҳар як давлату халқият бе Артиш арзи вуљуд карда наметавонад. Зеро, ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат мебошад.


13.Азизов Умедљон. Президенти Љумҳурии Тољикистон Эмомалї Раҳмон таъкид менамояд: «Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоятгари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд». Президенти мамлакат дар ҳалли масоили мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар таваљљўҳи махсус зоҳир намуда, онро аз рўзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои муссалаҳ таҳти назорати доимии хеш додаанд.


14.Адамхонова Моњирахон. Мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқї, интизоми ҳарбї ва тарбияи маънавию сиёсї яке аз рукнҳои баланд бардоштани малакаи омодагии Қувваҳои муссаллаҳ буда, он ба дараљаи омодагї ва тайёрии ҳарбии кадрҳо вобастагии зич дорад. Бо ин мақсад, 15-уми октябри соли 2001 Фармони Президенти Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи Консепсияи корҳои тарбиявї дар Қувваҳои мусаллаҳи Љумҳурии Тољикистон» интишор гардид.


15.Ашурова Шабнам. Дар асоси Консепсияи мазкур як қатор корҳои судманд, ки ба раванди таъсиррасонии мақсаднок љиҳати тарбияи хизматчиёни ҳарбї дар рўњияи ҳарбї - ватандўстї, садоқат ба сохтори конститутсионї, Савганди ҳарбї, Сарфармондеҳи Олї ва ўњдадориҳои ҳарбї, риояи қонуният ва оинномаҳои ҳарбї, таъмини амнияти давлат, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллї, равона гардида буд амалї шудааст.

 
16.Азимова Омина. Таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқї, интизоми ҳарбї ва мубориза бар зидди коррупсия дар байни хизматчиёни ҳарбї яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки он ба баланд бардоштани сатҳи омодагии љангї ва таҳкими қудрати мудофиавии мамлакат алоқамандии бевосита дорад.


17.Зиёзода Рамзия. Сардори давлат ва Ҳукумати Тољикистон ба ин масъала диққати махсус дода, шаъну эътибори Қувваҳои мусаллаҳро ҳам дар дохили љумҳурї ва ҳам дар арсаи байналмилалї баланд мебардоранд. Аз љумла, Сарвари давлат Эмомалї Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд: «Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тољикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Зеро, хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии љавонони бо нангу номуси миллат аст».


18.Ватанзода Шањром. Ҳифз ва таҳкими амнияти миллии давлат маънои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзї ва таъмини амният дар соҳаҳои сиёсї, иқтисодї, ҳарбию стратегї, илмию техникї, иттилоот ва экологиро дорад, аз љумла кормандони судҳои ҳарбии Љумҳурии Тољикистон дар навбати аввал ҳамчун ҳомии қонуну адолат бояд кўшиш ба харљ диҳанд то дар бобати баланд бардоштани иқтидори сиёсию ахлоқї дар Қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои низомї, љорї намудани тартибу интизоми ҳарбї саҳмгузор бошанд. Ватанро бояд дўст дошт ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт бояд кард.

Њамаи хонандагон:

Бар хоки Ватан пуф макун гур шавї,

Бар оби Ватан туф макун кур шавї.

Бо оташи он бозї макун к-аз бодаш

Хезї ба њаво аз баѓалаш дур шавї.


19.Камолова Мафтуна. Баробари соҳибистиқлол гардидани љумҳуриамон бисёр санаду ҳуљљатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллї ба имзо расида буданд. Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 4-уми январи соли 1992 ташкил дода шуд. 30-юми сентябри соли 1992 бошад баҳри иљрои Фармон аз 17-уми сентябри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» Қарори Девони вазирон қабул гардид.


20.Давлатов Муњаммадљон. Раиси Шурои Олї Эмомалї Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 нахустин қарорро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ» ба имзо расонд. Мувофиқи ин қарор Қувваҳои мусаллаҳ дар заминаи ҳайати «Фронти халқї» ва гурўњњои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати конститусионї ташкил дода шуд. Норасоии низомиёни касбии таълими ҳарбию љангидида ва дар ҳарбу зарб ва машқ обутобёфта дар ин давра бараъло эҳсос мешуд.

Њамаи хонандагон:

Набинад баъд аз ин фарзанди модар дарди сар њаргиз,

Нагардад волидайнаш бањри ў хуни љигар њаргиз.

Барои тољикону Тољикистони азизи ман,

Дарахти наъсу навмедї нагардад борвар њаргиз.


Намоиши фотоќиссањо аз “Паради њарбї бахшида ба 25-солагии Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон”


21.Кенљаева Оиша. Мувофиқи Фармони Президент аз 29-уми сентябри соли 1992 тањти №198 УП ва Қарори Шурои вазирон аз 3-юми ноябри соли 1992 тањти №404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологї Коллељи олии њарбии фармондеҳию муҳандисї ташкил карда шуд. 23-юми феврали соли 1993 дар рўзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ курсантҳо ва сарбозони коллељ савганди ҳарбї қабул намуда, дар сафорої ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбї иштирок намуданд.


22.Камолзода Ансорї. Бо Ќарори Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон тањти №195 аз 30-юми апрели соли 2002 Коллељи олии њарбии фармондеҳию муҳандисї ба Донишкадаи њарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуда, бо Фармони Вазири мудофиаи Љумҳурии Тољикистон тањти №130 аз 14-уми июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи њарбї тасдиқ карда шуд.


23.Ќаимова Азиза. 18-уми декабри соли 1993 генерал-майор А.В.Шишлянников Вазири мудофиаи Љумҳурии Тољикистон таъин гардид, ки ба ташкил ва равнақи нахустин раёсатҳо ва љузъу томҳои низомї шурўъ намуд. Бо роҳбарии ў аввалин намоиши сафорої ва расми гузашти тантанавии низомии љузъу томҳои низомии Артиши миллии Љумҳурии Тољикистон рўзи 23-юми феврали соли 1993 хотирмону таърихии фаромўшношуданї сурат гирифт.


24.Камолзода Тахмина. Шурои вазирони Љумҳурии Тољикистон 23-юми июни соли 1993 «Дар бораи сохтори Вазорати мудофиа» Қарорро ба имзо расонд. Инчунин зимни ин ќарор сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа тасдиқ шуд. Шурои вазирон 26-уми августи соли 1994 сохтори Вазорати мудофиа ва Сарситоди Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро бори дигар мавриди муҳокима қарор дода бо ислоҳу иловаҳои муҳим сохтори нави онро тасдиқ кард.


25.Оймањмадова Динора. Аз моҳи апрели соли 1995 генерал-полковник Шералї Хайруллоев собиќ Вазири мудофиаи Љумҳурии Тољикистон таъин гардид. Ҳамроҳи Вазири нав дар сохтмони Артиши миллї муовинонаш ва афсарони олирутба генерал-майор А.С.Чубаров, полковник С.Н.Бобољонов, генерал-майори авиатсия В.М.Грудына, генерал-майор А.А.Абдуласанов, генерал-майор З.М.Файзиев, генерал-майор И.Додоматов ва бисёр дигар афсарони олирутба саҳми шоистаи худро гузоштаанд.


26.Њошимова Дилноза. Бо кўмаки давлату ҳукумат, мувофиқи нақшаи муайян, бунёди Артиши миллї давра ба давра инкишоф меёфт. Пеш аз ҳама ба масъалаҳои бо яроқу аслиҳаи гуногуни љангї љиҳозонидан, пурра намудани ҳайати шахсї, беҳдошту вазъи омодабоши љангии афсарону сарбозон диққати љиддї дода мешуд. Агар ба гузашти таърих нигарем ташкилёбии Артиши миллї бо ташкилёбии Артиши ИЉШС монанду бо ҳам як аст, -гўем хато намекунем.


27.Шамсиддинов Абубакр. Таъсиси Артиши миллии Тољикистонро ба се марҳала људо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллї ин ташкили қуввањои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мављудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳ», «Дар бораи ўњдадориҳои умумии ҳарбї» ва дигар ќонуну санадҳои муҳими ташкилї қабул карда шудаанд.


28.Юсупова Мадина. Дар давраи дуюм вазифаи асосї такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосїЌўшунҳои хушкигард, ҳарбию ҳавої ва мудофиаи зиддиҳавої таъсис ёфтаанд. Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллї баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллї байни Ҳукумати Тољикистон ва мухолифини тољик оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Њукумати Тољикистон ва мухолифини тољик созишнома имзо шуд, ки он ба љанги бародаркуш дар Тољикистон хотима гузошт.

Њамаи хонандагон:

Зи Рањмонаш ба рўи њар яки мо нур меояд,

Садои оштии тољикон бо сур меояд.

Хати таќдири миллатро ба дасти хештан имзо,

Намуда њазрати Эмомалї чун њур меояд.


29.Њољизода Дилрабо. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии љузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тўли 27 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор љасорату мардонагї ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот ва сохтори конститусионї омодагиро барои ҳифзи Ватан ва љони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию љоннисории онҳоро нахоҳем фаромўш кард.


30.Назурова Маърифат. Дар давоми 30-умин соли истиқлолият ва 28-умин соли ташкилёбии Артиши миллї, ҳайати шахсї дар чандин машқҳои муштарак бо давлатҳои хориљаи дуру наздик иштирок намуд. Ҳамкориҳои ҳарбию техникии Љумҳурии Тољикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалї сол аз сол ривољу равнақ меёбад. Имрўз сафҳои Артиши миллї аз ҳисоби низомиёни касбї, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориљии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст.

Њамаи хонандагон:

Илоњї њастии њар кас зи бадбинї рањо бошад,

Суруди сулњу шодї аз барояш ошно бошад.

Дуояш мекунам дар рўзи идаш аз самими дил,

Нигањбонаш њама соат Худо бошад, Худо бошад.

Шунавонидани суруди “Аскарбача”-и Нигина Раупова (аз компютер)


31.Шарипов Хушнуд. Дар Конститусияи Љумҳурии Тољикистон дарљ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рў, бо назардошти вазифаҳои аввалиндараљаи ҳайати шахсї ба ҳисоб гирифтани интизоми баланд дар адои хизмати ҳарбї, такмили малакаю маҳорати љангї ва обутоби љисмонї мо бояд ин вазифаи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иљро намоем.


32.Мањмадалиева Муниса. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин љо љавонписарон сабақи шуљоату мардонагї гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Вақте, ки мо ватандўстї мегўем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорї аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои мусаллаҳи Тољикистон мебошад.


33.Киргизбоева Муњаррам. Имрўз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – љавҳари асосии љомеаи демократї ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Љумҳурии Тољикистон ҳис намояд ва хотирљамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирљамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Љумҳурии Тољикистон метавонанд бо дили пуру хотири љамъ аз самараи Истиқлолияти Тољикистон баҳра баранд.


34.Иброњимзода Иброњим. Ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар тўли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромї ва ваҳдати миллї, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурўњњои террористиву экстремистї ва дигар дастаҳои мусаллаҳи љинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод. Мо љавонони Тољикистон, ки масъулияти эминию озодї ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дўши худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша ба кору фаъолияти нек ҳидоят намоем.


35.Турдиев Манучењр. Дар баробари љашн гирифтани рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Љумҳурии Тољикистон, инчунин мо аз саҳми Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишвар, ки дар таҳкими қонуният, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва оромии љомеа саҳми назаррас доранд, ёдовар мешавем.


36.Нидоев Муњаммадсаид. Қўшунҳои дохилї низ як љузъи људонашавандаи Артиши мамлакат, вазифаҳои худро дар таъмини тинљию осоиштагї ва ҳифзи тартиботи љамъиятї содиқона ва софдилона иљро менамоянд. Имрўз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Љумҳурии Тољикистон бо дарки баланди масъулияти касбї вазифаҳои худро содиқона ба љой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.


37.Салихов Мењрдод. Афзудани хатарҳои ба сулҳу суботи сайёра, бахусус минтақа таҳдидкунанда, яъне терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ављ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои реаксионї, ки қасди ноором сохтани вазъи сиёсиро доранд ва имрўз раванди рушду инкишоф ва тараққиёти кишварамонро халалдор карданї мешаванд, кормандони тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сарбози қаторї то афсари олирутбаро водор месозад, барои рафъ ва барҳам задани ҳадафҳои душманона, омода бошанд.


38.Нидоев Шањзод. Тољикистонро ба љуз, фарзандони бонангу номуси диёр, содиқ ба Ватан, каси дигар ҳифз наменамояд. Ҳар як фарди ватандўст, масъули таълиму тарбия ва нафарони бонангу номус бояд дар қалби љавонон эҳсоси садоқат ба Ватан, ба давлату миллат ва сокинони онро бедор намуда, онҳоро раҳнамої созанд, то хизмати худро дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Љумҳурии Тољикистон сарбаландона ба љой оранд.

39.Довудов Нуриддин. Баҳои сазовори Љаноби Олї, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмонро дар ин рўзи фараҳбахш ёдрас гардидан, бомаврид аст: «Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомї ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллї, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барљаста ва бузург доранд».


40.Одинаева Нушофарин. Ҳозирини гиромї, хамсолони азиз! Дар ин рўзи фаромўшнашаванда ҳамаи Шуморо бо ин љашни таърихї, яъне бо 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Љумҳурии Тољикистон самимона табрик намуда, ба шумо саломатї, осоиши рўзгор, хушбахтї ва муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям. Чи тавре, ки шоир мегўяд:

Њамаи хонандагон:

Хизмат ба ватан ќарзи њама мардон аст,

Дури зи Ватан шеваи номардон аст.

Рав бар њама ашхос бигу доди маро,

Ин марзи ватан ба аскарон пазмон аст.


6


Получите свидетельство о публикации сразу после загрузки работы



Получите бесплатно свидетельство о публикации сразу после добавления разработки


Серия олимпиад «Зима 2025»



Комплекты учителю



Качественные видеоуроки, тесты и практикумы для вашей удобной работы

Подробнее

Вебинары для учителей



Бесплатное участие и возможность получить свидетельство об участии в вебинаре.


Подробнее