«Осень 2024»

"1 сентября, День знаний - Урок мира" на таджикском языке

Тема "1 сентября, День знаний - Урок мира" классному руководителю для проведения классного часа на международный День знаний

Олимпиады: Математика 1 - 11 классы

Содержимое разработки

CОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА РЎЗИ ДОНИШ

Мавзўи дарс: Якуми сентябр Рўзи Дониш - Дарси Сулњ.

Маќсади дарс: Дар рўњияи хонандагон бедор намудани њисси ватандўстиву мењанпарастї, расидан ба ќадри Сулњу дўстї ва Вањдати миллї, одобу ахлоќи нек, њурмати калонсолон, падару модарон ва илму дониш.

Аёният: Намоиши расмњои тасвирї; Кабутар рамзи Сулњ ва Дўстї; Тасвири расмњои ба њаёти мактаббачагон бахшидашуда; Сабти овоз ва мусиќї аз крмпютер оиди мавзўи соати дарсї.

Муаллим Зумратов А.Х.: Пеш аз оѓози дарси тарбиявї Шуморо ба саршавии соли тањсили нав, ки дар остонаи љашнњои пуршукўњ 29-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ва 28-солагии Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон мувофиќ омадааст табрик гуфта, ба Шумо саломатї, одобу рафтори нек, инсони комили ватани хеш будан хоњонам.

Боз Якуми сентябр омад. Мо онро њамчун идњои дигар пазмон шудем. Якуми сентябр дар шањру кўчањои мо гўё яку якбора боз бањор меояд. Лабњо гулвор механданд, фарзандњои некбахти мо лоласон медурахшанд, љарангоси зангўлањо бачагонро ба синфхона даъват мекунанд.

Якуми сентябр волидайни хушбахт мевањои боѓи умрашон-нури дидагонашонро боумед ба таълимгоњ гусел мекунанд.

Фарорасии соли нави тањсилро бароятон самимона табрику тањният мегўям. Оѓози соли нави тањсил ибтидои марњилаи навини омўзиш, корбасти азму талошњо ва дастёбї ба комёбињои наву тоза мебошад ва ба маънии дигар соли нави тањсил саёњати тозаест ба дунёи бепањнои илму маърифат. Аз ин љост, ки њамасола дар љумњурии мо нахустрўзи тањсил - Якуми сентябр чун Рўзи Дониш ва Дарси Сулњ таљлил мешавад. Оре, њадафи аслї аз тањсил донишандўзист.


Суруди «Мактабам» дар иљрои њамаи хонандагон сароида мешавад.


1. Адамхонова Моњирахон. Сулњ мояи осудагї ва осоиштагист. Сулњ риштаест, ки њастиро бо оянда мепайвандад. Чашмаест, љонфазо, ки аз он одамон ташнагї мешикананд. Сулњ нишонаи хушбахтиву хуррамист. Ва мањз сулњи тољикон буд, ки Тољикистони азиз рўз аз рўз ободтару зеботар мегардад. Мо насли хушбахтем, ки дар ватани бињиштосо зери осмони сулњу дўстї зиндагии хуррамонаю тањсили илм менамоем.

2. Азимова Омина. Сулњ, вањдат, дўстї, ифтихору худшиносии миллї, истиќлолият аз вожагони муќаддас мебошанд, зеро инсон мањз дар шароити сулњу дўстї ва вањдату њамдигарфањмї метавонад як зиндагии хубу шоистаро ба роњ монад, бањри худ хушбахтї ва оромї эљод намояд.

Њама чиз пирї пазирад бидон,

Магар дўстї, к-он бувад љовидон.

3. Ашурова Шабнам. Аз ин рў, одамон њамеша тарафдори сулњ, њамзистї буданд ва ба њар роњ мекўшиданд, ки аз љангу љидолњо љилавгирї намоянд, пеши роњи низоъњоро бигиранд, то башар аз фалокату бадбахтї наљот ёбад. Ба ќавли шоир:

Одамон аз дўстї ёбанд бахт,

Душманї орад ба мардум рўзи сахт.

4. Ватанзода Шањром. Сулњ барои мо, тољикон, неъмати бебањо, сарвати миллат ва дороии муќаддасу беназир аст. Мањз ба шарофати сулњ, Тољикистони азиз Истиќлолияти хешро њифз намуд ва пойдору устувор бимонд.

5. Давлатов Муњаммадљон. Расо, 29-сол ќабл аз ин Роњбари тозаинтихоби тољикон, љавонмарди ватандўст Эмомалї Рањмон фаъолияти худро дар пањнои сиёсат бо нидои «Ман барои шумо сулњ меоварам» оѓоз бахшид ва ба ќавли худ содиќ монду Тољикистони мањбубро аз вартаи њалокат рањонид ва тадриљан ба як кишвари пешраву шукуфо табдил дод.

6. Довудов Нуриддин. Дар кишваре, ки истиќлол аст, вањдат аст, дўстї њаст ва тараќќиёт њаст, мардумаш аз вањдату худшиносиву њамдигарфањмї ва сулњу оромишу дўстї бархўрдоранд. Тољикистони азизи мо мањз чунин кишвар аст.

7. Зиёзода Рамзия. Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон сулњ ба Тољикистон боз баргашт ва мо имрўз дар фазои ором зиндагї менамоем. Бо Ќарори махсуси ЮНЕСКО пойтахти Тољикистон шањри Душанбе, шањри Сулњ эълон карда шуд. Ин нишонаи рамзи дўстї ва оромии кишварамон аст, ки дар миќёси олам шањри Душанберо шањри сулх эълон намуданд.


Ќироати шеъри «Сулњ» дар иљрои њамаи хонандагон:

Истгоњи сабзи фурсатњост сулњ,

Ишќ бастан бо њама дунёст сулњ.

Инфиљон субњи бешоми фалак,

Бодбодакњои бепарвост сулњ.


Шаш рањи исторарези бехатар,

Хизри дар чашми њама пайдост сулњ.

Ишќ таъниси љањону кибриёст,

Акси мањ дар соѓари дарёст сулњ.


Ойиназорасту тасвири сурур,

Огањї аз покии сањрост сулњ.

Љуз нафас дигар кашокаш нест, нест,

Муњр бар кунљи лаби ѓавѓост, сулњ.

Ё нахустин нусхаи поки Худост,

Ё ибодатњои бедаъвост сулњ.

8. Иброњимзода Иброњим. Њамин аст, ки тафсири њадиси пурњикмату омўзанда дар атрофи он дар мењвари Дарси сулњи муассисањои таълимї вирди забонњои хонандагону омўзгоронаст. Њамасола ањли љумњурї таърихи Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Тољикистонро ботантана таљлил менамоянд. Ин Иљлосияи сарнавиштсоз чун оѓозгоњи раванди самаровари сулњи тољикон эътироф гардидааст, наќл дар бораи он дар Дарси сулњ мазмуну мўњтавои дарсро мукаммалу љолиб менамояд.

9. Изатова Аниса. Таљлили њамасолаи Рўзи Дониш дар саросари кишвар далели эњтироми баланди давлат ва мардуми Тољикистон ба илму маърифат мебошад ва њамчун анъанаи некест, ки омўзгорону устодон ва шогирдони муассисањои таълимиро ба сўи дастоварду комёбињои нав рањнамоиву дилгарм месозад.

10. Камолзода Тахмина. Оре, њамин сулњу дўстї ва баргузории он Иљлосияи таќдирсоз буд, ки бо сарварии марди оќилу хирадманд Эмомалии Рањмон дар як муддати кўтоњ љанги бародаркушро пушти сар карда, ба мавзўи сулњ ва дўстї камар бастем.

Ин ки мебинї манам як ѓолиби майдони Сулњ,

Дар бањои љони худ тољики саргардони Сулњ.

Субњи содиќ медамад аз шохаи сабзи Ватан,

Дар фазои созгори чењраи хандони Сулњ.

11. Камолзода Ансорї. Сулњ ин нишонаи мењрубонї, њамдигарфањмї ва дўстии инсонњои олам аст. Аз якуми сентябр сар карда, боз ба љањони илму дониш ба саёњат мебароем. Дар ин саёњат китоб ва устоди азиз ба мо роњбалад мегардад. Барои он, ки тамоми чизњои хондаю шунидаамонро дар хотир нигоњ дорем, бояд аз тањти дил хонем, агар имрўз бештар хонему омўзем. фардо ба халќи худ софдилона хизмат карда метавонем.

12. Камолова Мафтуна. Якуми сентябр моро ба ёди садои занги аввал, устодони нахустин, дарси якум, гулдастањо, либосњои сафеду сиёњ, лентањои мисли гул шукуфон, њаяљон ва шодиву сурури даврони кўдакї ва инчунин, ба ёди рўзи аввали мактаб мебарад. Њар марњилаи њаёт хотирањои ба худ хоссе дорад, махсусан ваќте ки кас умри худро сарфи донишандўзиву касбу њунар менамояд.

13. Каландарова Ойша. Якуми сентябр њамчун рўзи аввали соли тањсил ва Дарси Сулњ њанўз дар замони Шўравї анъана шуда, ботантана љашн гирифта мешуд. Бори нахуст соли 1984 Њукумати Шўравї якуми сентябрро Рўзи якуми соли тањсил эълон намуд. Баъд аз барњамхўрии Њокимияти Шўравї низ таљлили ин рўз дар собиќ кишварњои Шўравї чун анъана боќї монд. Мо худ шоњид њастем, ки дар Тољикистони азизу зебоманзари мо низ Рўзи Дониш – Дарси Сулњ ба таври хосса таљлил мегардад.

14. Киргизбоева Муњаррам. Њамасола дар арафаи Рўзи Дониш дар љумњурї муассисањои таълимии нав сохта ба истифода дода мешаванд. Сарвари давлат, Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, муњтарам Эмомалї Рањмон чун анъана дар ин рўз бо љавонон ва ањли зиёи кишвар вохўрињои судманд гузаронида, атрофи ањамияти илму дониш ва наќши олимону донишмандони миллат дар пешрафту тараќќиёти пайвастаи давлат суханронињо менамоянд ва њамоно таъкид менамоянд, ки љавонон ояндаи миллат ва ворисони ниёгони тамаддунсози хеш мањсуб мешаванд.


Зумратов А.Х.: Офарин шогирдони азиз, биёед суруди «Сулњ»-ро якљоя замзама менамоем:


15. Ќаимова Азиза. Дарси аввалин дар ин рўз Дарси Сулњ унвон гирифтааст. «Дониш» ва «Сулњ» арзишњое мебошанд, ки таќвиятдињандаи њамдигаранд: танњо бо доштани саводу дониш кас метавонад ба ќадри сулњу субот бирасад ва дар навбати худ, фазои сулњу суботи давлат боиси рушди илму дониши миллат мегардад.

16. Мањмадалиева Муниса. Њар сол якуми сентябр дар сар то сари кишвари мо, Тољикистони азиз њамчун рўзи сулњу дўстї, њамдилию якдигарфањмї, Рўзи Дониш љашн гирифта мешавад. Мехоњем, ки дар Тољикистони мо њамеша сулњ њукмфармо бошад ва оромию осудагї њамеша њамќадами мо гардад.

Њарфи аввалро ба номи дўстї сар мекунем,

Њарфи аввалро ба номи сулњ аз бар мекунем.

Сулњ бошад, бахти мову номи мо, иќболи мо,

Ин њама бо фатњ мо болои дафтар мекунем.

17. Мусоев Аминљон. Мо мехоњем доимо дар рўи љањон сулњ бошад.

Менависам ман суруди сулњро бо хуни дил,

Бо тапиданњои беороми рўзафзуни дил.

То яроќи тез гардида ба дасти дўстон,

Љангљўёнро кунад шармандаи рўи љањон.

18. Назарзода Мадина. Дар ин фарњанги сиёсї сулњ бо истиќлол, адолат ва пешрафт пайванди табиї дорад: сулњ таќозои заифон нест, балки сулњ мазњари шуљоат, њиммат ва хиради сиёсии озодагон ва љањонсозон аст.

19. Назурова Маърифат. Љомеаи кунунии мо аз њарваќта дида бештар ба рафоќату њамдастї ниёз дорад. Дўстї бо мардуми олам танњо саодату хушбахтї меорад. Аз ин хотир шинонидани дарахти дўстї савоб буда, решакан кардани нињоли душманї мањол аст. Њаќ ба љониби Њофизи Шерозї, ки фармудааст:

Дарахти дўстї биншон, ки коми дил ба бор орад,

Нињоли душмани баркан, ки ранчи бешумор орад.

20. Шукуров Самариддин. Пайванди нињоят табиї ва амалан ногусастании арзишњои волои иљтимої - озодиву истиќлол, донишу маърифат, хираду тадбир, сулњу дўстї ва њамкорї дар нињоди миллат асолат ва њуввияти милливу таърихии тољиконро таќвият ва тањкими матлуб бахшидааст. Ба баракати он миллати мо аз љараёноти мудњиш ва хунини таърих бо њифзи асолату њуввияти худ берун омада, дар муддати нињоят кўтоњи таърих ба эњё ва пешрафти њайратангез ноил гардидааст.

21. Нидоев Шањзод. Барои тантанаи ин сулњи нишотовар абармардони миллат басо талошњои пайгиронаву ватандўстона ва ќањрамонона кардаанд. Бояд њамагон бо тамоми њастї онро эњтиром ва эњтиёт намоем, љавшани сулњ бошем ва онро пос дорем.

Њамаи хонандагон месароянд (шеъри Шариф Рањмон «Мо халќи худододем...»

Мо миллати њаќгўем, њаќпарвару њаќљўем,

Њаќдидаву њаќрўем, њаќќиблаву њаќсўем.

Мо халќи Худододем, озодаву озодем.

Созандаву сулњовар, эњёгару ободем.

Аз насли асилонем, аз оли љалилонем,

Мо насли љамилонем, бар сулњ кафилонем.

Мо халќи Худододем, озодаву озодем.

Созандаву сулњовар, эњёгару ободем.

Мо доруи Синоем, ангезаи Мавлоем,

Яснои Авестоем, овози Ањуроем.

Мо халќи Худододем, озодаву озодем.

Созандаву сулњовар, эњёгару ободем.

Аз рањмати Рањмонем, аз азмати Ќуръонем,

Аз суннати Нўъмонем, мо љумла мусулмонем.

Мо халќи Худододем, озодаву озодем.

Созандаву сулњовар, эњёгару ободем.

Эмомалии Рањмон, дорад назари Рањмон,

Дорад нигањаш Рањмон, дорад ба фараш Рањмон.

Мо халќи Худододем, озодаву озодем.

Созандаву сулњовар, эњёгару ободем.

Муаллим Зумратов А.Х.: Офарин, шогирдони азиз ман мехостам, як чизро бо Шумо якљоя дида бароем ва фикри Шуморо дар ин бора фањмам, ин њам шарњи калимаи «Сулњ» аст. Ба ман мазмунан шарњ медодед, ки зери мафњуми калимаи «Сулњ» Шумо чиро мефањмед ё умуман «Сулњ» чист?

22. Нидоев Муњаммадсаид. Ваќте ки ту ба њама салом мегўї ва њама ба саломат алейк мегиранд, Сулњ аст!...

23. Табаров Шукрулло. Чун як марди ношинос дар кўча аз ту мепурсад: «Писарам, роњи мењмонхона куљост?» ва ту рўњбаланд шуда, ўро рост ба хонаатон мебарї Сулњ аст?...

24. Юсупова Мадина. Ваќте ки дар рўзи таљлили ягон ид, дар пеши дарвозаи «Боѓи Рўдакї» пайињам садои паќ-паќи кафидани пуфак баланд мешавад: ва одамон сахт тарсида, хавотир мешаванд, баъд «Аз неши занбўрон пуфак кафидааст!»-гуфта, хурсандона механданд, Сулњ аст!...

25. Турдиев Манучењр. Њангоме, ки нафањмида як пагоњї сумка мегириву хушу хурсанд љониби мактаб медавї, вале туро огоњ мекунанд, ки имрўз якшанбе аст, Сулњ аст!...

26. Шарипов Хушнуд. Шоме, ки дар Љумњурии Хитой замин мељунбад ва дар њар гўшаи дигари олам одамон хавотир шуда, дуо мекунанд, ки «Худоё, ба тану љони онњо осебе нарасад!», Сулњ аст!...

27. Юсупов Амирљон. Ваќте ки дар Африка барф мебораду ин хабарро шунида, ту низ хунук мехўрї, Сулњ аст!...

28. Назарзода Мадина. Ваќте ки барои ту як табаќча тухмбирён меоранд ва ту мехоњї, ки чанд каси дигар низ дар гирди дастархон њозир бошанд, Сулњ аст!...

29. Шукуров Самариддин. Ваќте ки филмњои Ван Даму Шварснегерро тамошо мекуниву хобат меояд ё дубора тамошо кардан мехоњї, Сулњ аст!...

30. Шарифова Мавзуна. Ваќте ки ба номи ту аз бачањои Маскаву Тењрону Дењлї ё Марокашу Пекин мактубњо меоянд, Сулњ аст!...

31. Изатова Аниса. Чун њамсинфат дар назди тахтаи синф аст ва ту бисёр мехоњї, ки вай ба њамаи саволњои муаллим љавоб дода тавонад, Сулњ аст!...

32. Шарипов Хушнуд. Њангоме ки хоби кас зуд мебарад, Сулњ аст!...

33. Мусоев Аминљон. Агар барои нон ба маѓоза равиву дар бозгашт як сари ќадам ба маѓозаи «Китоб» низ дарої, Сулњ аст!...

34. Одинаева Нушофарин. Мањз дар сиёсати амалии Доњии Сулњу Вањдати миллї, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон эътироф ва эњтироми њуќуќњои фитрии инсон, адолат ва омилњои бунёдии сулњу суббот шинохта шуданд ва онњо пойдевори нерўманди маънавии давлатдории тољикон гардиданд. Сулњ дар навбати хеш шарти ободї, пешрафт ва сатњи шоистаи зиндагї будааст.

35. Оймањмадова Динора. Бояд бо камоли сипосмандї зикр намоем, ки сулњи бахтофарини тољикон ба рушду такомули бесобиќаи соњаи маориф низ мусоидат намуд.

Ба дониш бувад љону дилро фурўѓ,

Нигар, то нагардї ба гирди дурўѓ. (А.Фирдавсї)

36. Пиров Мустафо. Ба шарофати сулњ дар ин соњаи маориф ислоњоти куллї ба вуќуъ пайваст, тозакорињои зиёде ба миён омада, раванди бонизоми инкишофи соња оѓоз гардид, њамагон рўй ба муассисањои таълимї оварданд ва мавќеи омўзгор, маќому манзалати ў марњила ба марњила баландтар шуд.

То љањон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роњи дониш бениёз. (А.Рўдакї)


Суруди «Сулњ» дар иљрои њамаи хонандагон сароида мешавад (Шеъри Боќї Рањимзода ва Аминљон Шуќўњї).

Хонаи умеди дунё кишварам,

Кишвари пањновару бахтоварам.

З-ин саодат сар ба гардунњо барам,

Њофизи озодии бањру барам.

Месароям сулњро дар сози сулњ,

То шавад дунё пур аз овози сулњ.

Сулњ чун хуршеди тобон њар сањар,

Мешавад аз кишвари ман љилвагар.

Љумла оламро дињад ў зебу фар.

Нур пошад бар сари навъи башар.


Месароям сулњро дар сози сулњ,

То шавад дунё пур аз овози сулњ.

Бањри олам сулњ даркор аст, сулњ,

Насли одамро нигањдор аст, сулњ.

Чун шифои љони бемор аст, сулњ,

Модаронро бахти бедор аст, сулњ.

Месароям сулњро дар сози сулњ,

То шавад дунё пур аз овози сулњ.

Сулњ бањорест, бањор оварад,

Равнаќу шодию барор оварад.

Сулњ бувад шаршараи љўйи об,

Сулњ дињад њусни пур аз обутоб.

Месароям сулњро дар сози сулњ,

То шавад дунё пур аз овози сулњ.

Сулњ чароѓи рањи оянда аст,

Сулњ зи иќбол намоянда аст.

Сулњ шакарханди лаби кўдакон,

Сулњ њамоњанги дили модарон!

Месароям сулњро дар сози сулњ,

То шавад дунё пур аз овози сулњ.

37. Сияров Мањмадљон. Муњимтар аз њама, ањли љомеа дарк намуданд, ки мактаб ва тањсилот омили асосии таъмини некуањолї ва рањої аз њама мушкилоту расидан ба њама ањдофи судманд аст. Яъне мардуми љумњурї мутобиќ ба мазмун ва њидояти ќитъаи машњури зерин азму амали хешро тавсеа бахшиданд:

Гуфтам ба хирад, ки соњиби ирфонї,

Бинмой рањи наљотам аз нодонї.

Гуфто: - Мактаб, мактаб, мактаб.

Бояд хонї, хонї, хонї.

38. Њошимова Дилноза. Дар ин миён соњаи маориф ба муваффаќиятњои зиёд шарафёб гардид. Афзудани сатњи сифати тањсилот, ќабули њуљљатњои муњими соња дар сатњи давлатї, тањияи барномањои нави таълимї, иншои китобњои дарсии мутобиќ ба талаботи замон, роњандозии омўзиши амиќи забонњои хориљї, бо компютерњо ва воситањои дигари техникї таъмин намудани мактабњо, бунёди мактабњои нав ва амсоли инњо аз љумлаи муваффаќиятњои шоистаи соњаи маорифи кишваранд.

Бењ аз ганљи дониш ба гетї куљост?

Киро ганљи дониш бувад, подшост! (А.Тусї)

39. Њошимова Камилла. Асосгузори Сулњу Вањдати миллї, Президенти мамлакат, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон ба ањли таълиму тарбия таваљљўњи махсус доранд ва нисбат ба онњо пайваста ѓамхорї зоњир менамоянд. Омўзгорони љумњурї аз як ќатор имтиёзу бартарињо бархурдоранд. Њамчунин, вобаста ба имконот дар кишвар давра ба давра маоши омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф зиёд карда мешавад.

Њар он маѓз к-ўро хирад равшан аст,

Зи дониш ба гирди танаш љавшан аст. (А.Фирдавсї)

40. Њољизода Дилрабо. Омўзгорон ба њама гуна арљгузорию ќадршиносї шоистаанд, пешаи омўзгорї басо сангину зањматталаб, вале ифтихорист.

Биёмўзу бишнав зи њар донише,

Биёбї зи њар донише ромише.

41. Шамсиддинов Абубакр. Устодони мањбуби мо бањри боло рафтани сатњи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори љумњуриамон дар арсаи љањон пайваста зањмат мекашанд ва мењнати фидокорона мекунанд.

Чу пухта шавад, талх ширин шавад,

Ба дониш сухан гавњарогин шавад.

42. Шарифова Мавзуна. Самараи азму љањди њамарўзаи онњост, ки њамасола теъдоди зиёди хонандагони таълимгоњњои кишварамон дар бонуфузтарин озмуну сабќатњои ватанию хориљї ба комёбињои шоиста сазовор мегарданд, обрўю эътибори љумњуриамонро бештар менамоянд.

Љањонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан.

Муаллим Зумратов А.Х.: Таманнои онро дорам, ки Тољикистони азизи мо то љовидон ободу шукуфон, Вањдату Истиќлолияташ пойдору бегазанд бошанд ва мардумонаш њамеша бо илму дониш њамбастагї дошта бошанд.

Бо ин њама таманниёти нек оѓози соли нави тањсил ва Рўзи донишро боз як бори дигар ба њамаи Шумо шогирдону омўзгорони арљманд бо камоли эњтирому эътиќод табрику тањният мегўям ва бароятон саодатмандиву рўзгорони пурнишот орзумандам.

Сулњ орад дўстї, мењру вафо,

Сулњ орад оштї, сидќу сафо.

Сулњ бошад рўњбахши одамон,

Сулњ бошад муттакои тољикон.

Сулњ бодо њокими давру замон,

Сулњ бодо љовидону љовидон. (Ганљинаи Саъдулло)

Зумратов А.Х.: Биёед бахри пойдориии сулњ дар кишварамон-Тољикистони азиз сурудеро зери унвони «Сулњи мо ливо дорад» њама якљоя месароем:


9


Получите свидетельство о публикации сразу после загрузки работы



Получите бесплатно свидетельство о публикации сразу после добавления разработки


Серия олимпиад «Осень 2024»



Комплекты учителю



Качественные видеоуроки, тесты и практикумы для вашей удобной работы

Подробнее

Вебинары для учителей



Бесплатное участие и возможность получить свидетельство об участии в вебинаре.


Подробнее